КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Бахшида ба ҷашни Иди омӯзгорон ва Рӯзи Забони давлатӣ

Рӯзи омӯзгор ва Забони давлатӣ

Бахшида ба ҷашни Иди омӯзгорон ва Рӯзи Забони давлатӣ дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар мувофиқа бо супориши роҳбари муассиса муҳтарам Ҳайдарзода Меҳроби Ислом аз санаи 28.09.2021 то 30.09.2021 байни омӯзгорон мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол роҳандозӣ гардидааст. Дар бозии зикргардида, се дастаи волейболбозон байни якдигар бозӣ намуда, беҳтарин дастаи волейболбозон аз тарафи тадорукоти муассиса сазовори туҳфаҳои хотиравӣ гардонида мешавад.

Ҷараёни бозии волейбол байни дастаҳо бо як омодагии хуб ба роҳ монда шуда, бозингарон дар рафти бозӣ маҳорати баланди худро аз ин намуди бози нишон доданд. Дар ҷамбасти бозӣ аз тарафи довари асоси устоди варзидаи варзиш Назаров Маҳмадӣ муайян карда шуд, ки бозингарони дастаи факултети “Омор, ҳисобдорӣ ва низоми иттилоотӣ” мақоми якумро соҳиб гардиданд.

Сана: 2021-10-01     Хонданд: 2013

ҲАМКОРИҲО