КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ ҲАЙДАРЗОДА МЕҲРОБИ ИСЛОМ, БАХШИДА БА РУЗИ ОМӮЗГОРОН

Омӯзгорони муҳтарам!

Боиси ифтихор аст, ки иди касбии мову шумо имсол тавъам бо Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад ва чун забон рамзи ҳастии миллат ва рукни давлатдории мустақил ба ҳисоб меравад, табрик ва таҳният мегӯям ва барои ҳар яки шумо олами маънавӣ ва ҳастии фарҳангомезу пур аз нишотро орзу менамоям. Забон ва омӯзгор дар як ҷойгаҳи муқаддаси таърихӣ қарор доранд ва ҳанӯз дар рӯзгори худ

Асосгузори адабиёти форсу тоҷик, устод Абӯабдуллоҳи Рўдакӣ мақом ва ҷойгоҳи омўзгорро дар ҷомеа чароғи маърифат, нуру эҳёи миллат дониста, бе хизмати ӯ аз бехирадон тира шудани рӯзгорро ҳушдор додааст.

Инчунин, дар Паёми соли гузашта Ассосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ қайд намуда буд, ки рушду нумӯи соҳаи маориф асоси пешрафти ҷомеа ва иқтисодиёти мамлакат ба шумор меравад. Инкишофу пешрафти мактабу маориф ва илмро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат муайян намуда, баҳри ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар, такмили доираи моддӣ-техникии муассисаҳои маориф пайваста ғамхорӣ менамоянд.

Ёдовар гардидан ба маврид аст, ки то давраи солҳои 2020 дар кишвар 157 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020-2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 қабул карда шуд. Илова бар ин, зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.

Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» яке аз озмӯнҳои даврони истиқлолият ба шумор рафта ҳиссиёт ва дарки наврасон ва ҷавононро баҳри сайқал додани дониш ҳидоят мекунад. Хурсандиовар аст, ки донишҷӯёни Коллеҷи омор дар озмуни ҷумҳуриявӣ даври шаҳри дар «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, роҳхат ба даври сеюмро ба даст оварданд.

Омўзгорон воқеан рисолати таърихии худро сарбаландона иҷро намуда, дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ ва таълиму тарбияи созандагони ҷомеаи навин нақши босазо гузошта истодаанд.

Ҳамаи шумо омӯзгорон ва дар симои ҳар яки шумо, тамоми кормандони соҳаи маорифро ба рӯзи касбиашон табрику таҳният намуда, барояшон умри дароз, сарбаландӣ, хонаи обод, дар иҷрои вазифа ва рисолати пуршарафи хеш, дар амри соҳибмаърифату соҳибкасб, рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстию ватанхоҳӣ тарбия ва ба камол расонидани насли наврас, муваффақиятҳои беназир таманно дорам. Иди касбиатон муборак.

Сана: 2021-10-01     Хонданд: 2293

ҲАМКОРИҲО