КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Қадрдонии кормандон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боиси ифтихор аст, ки дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо байни кормандон ва омӯзгорони муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба мушоҳида мерасад. Қайд кардан зарур аст, ки кору фаъолияти кормандони муассиса аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва директори муассиса бетаваҷҷуҳ намонда, бо Ифтихорономаҳо ва бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд. Дар чорабинии идона бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 06.09.2021 дар Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат баргузор гардид, муовини директор оид ба таълим Зоиров Файзалӣ Назаралиевич ва муовини директор оид ба тарбия Саидов Беҳрӯз Муминович бо Ифтихорномаи Раиси шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ибтидо директори коллеҷ Ҳайдарзода М. И. аҳли нишастро бо ин ҷашнвораи бузурги миллат- 30-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, онро волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик унвон кард, ки бо талошу ҷонбозиҳои бевоситаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Сипас, дар фазои тантанавӣ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба кормандони зерин: декани факултети “Омор, ҳисобдорӣ ва низоми иттилоотӣ”Солиҳов Фазлиддин, мудири кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” Азизова Дилафрӯз; омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ Назаров Маҳмадӣ ва омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Акрамова Фирӯза бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шуданд.

Барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ Султонов Тоҷиддин- мудири бахши тарбия ва Ализода Тоҳир - Эдвайзери факултети”Молия, бонк ва ташкили истеҳсолот дар иқтисодиёт” бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин Тағоев Дустмаҳмад - Раиси иттифоқи касабаи муассиса бо Ифтихорномаи КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат сарфароз ва қадрдонӣ шуд.

Дар фарҷоми маҷлис роҳбари муассиса зикр намуданд, ки заҳмати намояндагони соҳаи маориф ва шахсони обруманди ҷомеа рамзи сипосгузорӣ ба хизматҳои шоёни онҳо арзёбӣ мегардад.

Сана: 2021-09-15     Хонданд: 2189

ҲАМКОРИҲО