КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

ТАМАННИЁТИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

ТАМАННИЁТИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

ҲАЙДАРЗОДА МЕҲРОБИ ИСЛОМ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Омӯзгорон, донишҷӯён ва ҳамватанони азиз. Ҳамаи Шуморо ба таҷлили ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта баҳри ҳар яки Шумо дар фаъолияти кори ҳаррӯзаатон мувафақиятҳои нав ба навро тамано менамоям.

Имрӯзҳо дар саросари кишварамон баҳри таҷлили бошукуҳи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳои бузург ҷараён доранд. Мардум худ дарк намуданд, ки Ваҳдати миллӣ таҳкимбахши Истиқлолият асту бо ҳифзи ин ду дастоварди беназир мо ба комёбиҳои бузург ноил хоҳем шуд. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем. Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд. Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навини миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем». Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддиеро роҳандозӣ карда, ислоҳот ва навсозиҳоро босуръат пеш бурда истодааст. Нишондиҳандаҳои дараҷаи таҳсилот собит месозанд, ки саводнокӣ миёни аҳолии калонсол боло рафта, ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст.

Дар охир ҳаминро қайд менамоям, ки дар дунё мардумоне арзи вуҷуд доранд, ки шумораашон ба миллионҳо расида, дар орзуи миллату давлатдорӣ мебошанд ва бо мақсади расидан ба ин ҳадаф азму талош менамоянд, дар ин роҳ ҷони ҳазорон нафар ҳатто фидо гаштааст, аммо онҳо ҳанӯз ҳам соҳиби ватану давлат нагаштаанд. Аз ин рӯ, бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст, ки шабеҳ ба биҳишт мебошад. Бояд ҳамагӣ ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллати худ ва замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва ҳама ҳамдилу яктан гашта дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму ободу нозанин заҳмат ба харҷ диҳем.

Бори дигар фарорасии 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми мардуми шарифи кишвар самимона табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо рӯзгори ободу осуда, бахту иқболи баланд ва ба Тоҷикистони маҳбубамон ваҳдату оромии ҷовидона орзу менамоям. Орзуманди онам, ки роҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сӯи ояндаи дурахшон, ба сӯи пешрафту тараққиёти беназир ҳамеша ҳамвору нурбор ва пур аз фатҳу зафарҳо бошад.

Сиҳатманду саодатманд ва сарбаланду хонаобод бошед! Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Сана: 2021-09-08     Хонданд: 2492

ҲАМКОРИҲО