Ба диққати шаҳрвандони кишвар расонида мешавад, ки аз санаи 10 то 30 июни соли 2021 даври дуюми бақайдгирии довталабон дар шаҳри Душанбе сурат мегирад. Довталабоне, ки ба ихтисосҳои Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат таваҷҷуҳ доранд барои гирифтани иттилоот метавонанд аз Комиссияи қабули муассиса пурсон шаванд.