Вохурӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар масоили Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ва экстремистӣ» Маъмурияти Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат тибқи нақшаи чорабиниҳои муассиса дар санаи 06.04.2016 вохӯрии устодону донишҷӯёнро бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ баргузор намуд, ки ин ҷамъомад дар толори «Кохи маърифат»-и шаҳри Ваҳдат ҳусни ифтитоҳ бахшид. Рӯзномаи чорабинӣ аз аз масъалаҳои мубрами рӯз аз қабили «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) ҷумҳурии Тоҷикистон», «Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ва экстремистӣ» ва роҳҳои пешгирии чунин ҳодисаҳо иборат буданд, ки дар ин самт, Раиси суди шаҳри Ваҳдат – камолзода И.С., Мирзозода А. – Сардори ШКВД-и ш. Ваҳдат, Директори коллеҷ Раҳмонов З. баромад намуданд.