КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

БОЗДИД АЗ МАВЗЕЪҲОИ ТАЪРИХӢ

БОЗДИД АЗ МАВЗЕЪҲОИ ТАЪРИХӢ

Мувофиқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.2021, таҳти №14/5-183 бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.2019, №АП-1176 тасдиқ шудааст, бо назардошти иҷрои талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ ва фориғ аз машғулиятҳои дарсӣ ташкил намудани сайёҳати муташаккилонаи омӯзгорон ва донишҷӯён ба ҷойҳои таърихии кишвар дар гурӯҳҳои таълимии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба роҳ монда шуд.

Дар санаи 22.05.2021 бо супориши роҳбари муассиса, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳайдарзода Меҳроби Ислом донишҷӯён зери роҳбаладии муовини директор оид ба тарбия Саидов Беҳрӯз Муминович ба ҷойҳои таърихии Вилояти Хатлон сафарбар карда шуданд. Дар ин ҷараён донишҷӯёни муассиса аз ҷойҳои таърихӣ ва фарҳангии минтақаҳои Хатлонзамин дидан намуданд. Сафари донишҷӯён ба ноҳияи Восеъ, ноҳияи Муминобод ва мавзеҳои таърихии шаҳри Кулобро амалӣ гардида, дидан намудан аз дигар минтақаҳои таърихии диёр низ дар назар аст.

Сана: 2021-05-25     Хонданд: 2538

ҲАМКОРИҲО