КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Бахшида ба «Рӯзи ҷавонон»

Дар санаи 20.05.2021 дар асоси супориши роҳбари муассиса, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳайдарзода Меҳроби Ислом чорабинии «Рӯзи ҷавонон» дар сатҳи баланди фарҳангӣ бо иштироки мудири бахши кор бо ҷавон ва варзиши шаҳри Ваҳдат Шарофиддинова Шаҳноза ва омӯзгорону донишҷӯёни муассиса гузаронида шуд.

Кушодашавии чорабинии “Рӯзи ҷавонон” сараввал бо табрикоти директори муассиса муҳтарам Ҳайдарзода Меҳроби Ислом оғоз гардида, ҳамаи иштироккунандагон ва мардуми шарафманди Тоҷикистони маҳбубумонро ба ин ҷашн табрик намуда, тансиҳатӣ ва дар кору фаъолияташон бурдбориҳо таманно намуданд.

Дар ҷараёни баргузории чорабинии имрӯза мувофиқи сенарияи омоданамудаи шуъбаи тарбия донишҷӯёни муассиса тавонистанд маҳорату малакаи худро дар қироати шеър, сурудхонӣ, рақси яка, тамринҳои варзишӣ ва саҳначаи ҳаҷвӣ нишон диҳанд. Дар тақвияти гуфтаҳои боло ҳаминро қайд карда метавонам, ки ҷавонон аз баргузории чорабинии имрӯза бо як илҳоми тоза тамошои онро пазируфтанд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ барои қадрдони намудани роҳбарияти муассиса аз тарафи мудири бахши кор бо ҷавон ва варзиши шаҳри Ваҳдат Шарофиддинова Шаҳноза., директори муассиса Ҳайдарзода Меҳроби Ислом., муовини директор оид ба тарбия Саидов Беҳрӯз Муминович ва мудири бахши тарбия Султонов Тоҷиддин Муҳиддинович бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Сана: 2021-05-24     Хонданд: 1672

ҲАМКОРИҲО