КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Маҳфил-озмуни шаҳрӣ таҳти унвони «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ

Боиси зикр аст, ки дар асоси мактуби КИ ҲХДТ, таҳти №50 байни донишҷӯёни муассиса санаи 17.05.2021 маҳфил-озмуни шаҳрӣ таҳти унвони «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бо мақсади шаффофона сурат гирифтани озмуни мазкур дар чорабнинӣ корманди кумита Ашуров Баҳрулло ҳайати ҳакамонро ҳамроҳӣ намуданд.

Қайд намудан зарӯр аст, ки озмун дар асоси талаботи низомнома сурат гирифта, дар натиҷаи баҳодиҳии ҳайати ҳакамон ҷои аввалро донишҷӯи бахши якуми ихтисоси 2-40010135 «Таъминоти барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилооти корӣ» Табаров Чеҳрон, ҷои дуюмро донишҷӯи бахши дуюми ихтисоси 2-27013122 «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳо ва КАС» Ғаниева Сабрина ва ҷои сеюмро донишҷӯи бахши якуми ихтисоси 2-25013102 «Андоз ва андозбандӣ» Гулов Абдуғафор созовор гардида, ба даври минбаъдаи озмун роҳ ёфтанд.

Сана: 2021-05-18     Хонданд: 2159

ҲАМКОРИҲО