КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Иди Ғалаба

Иди Ғалаба

Шуҷоату мардонагӣ ва ватандорӣ яке аз фазилатҳои хоси мардуми куҳанбунёди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ҷашни 76-умин солгарди “Иди Ғалаба” дар муассиса имрӯз 8.05.2021 чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур бо мақсади арҷгузории нафароне, ки дар ҳимояи марзу буми ватан ширкат намудаанд дар меҳмонии муассиса роҳбари интернатсионалистони шаҳри Ваҳдат Ҳабибулло Содиқов ва иштирокчиёни ҷанги Афғонистон мудири кафедраи Молия, андоз ва кори бонкӣ Холов Зайдулло ва маъмури хобгоҳи муассиса Ҳасанов Бурихон ширкат намуданд. Сараввал ҳамагонро роҳбари муассиса, н.и.и. Ҳайдарзода Меҳроби Ислом ба 76-умин солгарди ҷашни “Иди Ғалаба” табрику таҳният намуда, ба тамоми мардуми шарифи кишвар осудагӣ ва рӯзгори хушу гуворроро таманно намуданд. Ҳамзамон, омӯзгори муассиса Қурбонов Сунатулло оид ба ҷашни мазкур маъруза ироа гардида, аз тарафи донишҷӯёни муассиса шеърҳо қироат карда шуд.

Инчунин, барои боз ҳам рангинтар гардидани чорабинии имрӯза донишҷӯёни муассиса саҳначаи таърихии “Ғалабаи Таня”-ро маърази тамошобинон гардониданд, ки ниҳояд таъсирбахш буд.

Боиси зикр аст, ки бахшида ба чорабинии мазкур аз санаи 3 то 6 майи соли равон байни омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса бахшида ба ин ҷашн мусобиқаҳои варзиши аз намуди тениси руи мизӣ, шоҳмотбозӣ ва шашкабозӣ гузаронида шуд. Дар ин рӯз ғолибони ин мусобиқаҳо аз тарафи садорати муассиса бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Сана: 2021-05-08     Хонданд: 2182

ҲАМКОРИҲО