КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст

Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст

Боиси зикр аст, ки чун анъана дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар санаи 20-22 апрели соли 2021 даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” дар муассиса гузаронида шуд. Дар озмун 17 нафар донишҷӯёне, ки ба талабҳои низомномаи озмун мутобиқат менамуданд ширкат намуданд. Аъзоёни комиссия дар ҳайати зерин тибқи фармоиши роҳбари муассиса, н.и.и. Ҳайдарзода М.И. муқаррар гардида буд: Раис: Давлатов Р.Ҷ. – н.и.п., муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ;

Муовини Раис: Азизова Д.К. – мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ; Котиб: Назарова Г.А. – мудири китобхона;

Аъзоён: Абдусаттори Раҳмон - мудири шуъбаи иттифоқи нависандагон дар ш.Ваҳдат, Розиқов Ҳикматҷон – сармуҳаррири рӯзномаи “Шаҳриёр”, Акрамова Ф., Файзуллоева Г. ва Салиева М.- омӯзгорон.

Пас аз натиҷагирии ҳайати ҳакамон ғолибон ба тариқи зайл муқаррар ва эълон карда шуда, ба даври дигари озмун роҳхат гирифтанд:

Ҷойи аввал ба донишҷӯи бахши 2-юми гурӯҳи 2-260202 (с.11) Шарипов Беҳрӯз аз рӯи номинатсияи адабиёти муосир, ҷойи дуюм ба донишҷӯи бахши 1-уми гурӯҳи 2-250131 (с.9) аз рӯи номинатсияи адабиёти муосир Боева Фирӯза ва ҷойи сеюм ба донишҷӯи бахши 2-уми гурӯҳи 2-250105 (с.11) аз рӯи номинатсияи адабиёти муосир Муродов Мурод дода шуд.

Дар интиҳо нафароне, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуданд бо ифтихорнома ва маблағҳои пулии 500 сомонӣ, 300 сомонӣ ва 200 сомонӣ дар санаи 08.05.2021 қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамчунин, дигар иштирокчиён барои фаъолона ширкат намудан дар озмуни мазкур бо сипосномаи роҳбари муассиса қадрдонӣ гардиданд.

Сана: 2021-05-08     Хонданд: 2427

ҲАМКОРИҲО