КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Oзмуни байнидаставӣ аз фанни “Баҳисобгирии муҳосибӣ” байни дастаҳои “Оморчиён” ва “Муҳосибони ҷавон”

Баргузор намудани рақобатҳои илмӣ яке аз омилҳои беҳтар намудани сатҳи азхудкунии фаннии донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, ташкили озмунҳои фаннӣ дар муассиса ба яке аз усулҳои маъмули салоҳиятнок гардидани донишҷӯён аз фанҳои таълимӣ мубаддал гардидааст. Баргузор намуданани озмуни байнидаставӣ аз фанни “Баҳисобгирии муҳосибӣ” байни дастаҳои “Оморчиён” ва “Муҳосибони ҷавон” дар санаи 06.05.2021 дар худ хусусияти хоси иноватсиониро соҳиб буд, ки далолат аз кордонии озмӯзгорони муассиса, алалхусус, омӯзгорони кафедраи “Омор ва ҳисобдорӣ” дарак медод. Ҳамзамон, ташаббуси омӯзгори калони кафедра Давлатова Г.Ф. дар баргузории озмуни мазкур басе назаррас арзёбӣ мегардад. Дар ҷамъбасти озмун дастаи “Муҳосибони ҷавон” бар рақибони худ дастаи “Оморчиён” бо нишондоди 67 хол бар 62 хол ғолиб омаданд. Дар робита ба иштироки фаъолонаи дастаҳо аз тарафи садорати факултети омор, ҳисобдорӣ ва низоми иттилоотӣ ширкаткунандагон бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Сана: 2021-05-06     Хонданд: 2160

ҲАМКОРИҲО