Санаи 01.05.2021 дар лабораторияи №1-и Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат" бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 аз тарафи ассистенти кафедраи "Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт" Саъдуллозода Ю.И аз фанни технологияи иттилоотӣ дарси кушоди намунавӣ дар мавзӯи " Истифодаи функсияҳои стандартӣ дар барномаи MS Excel " ба донишҷӯёни бахши 1-и (с9) ихтисоси 2-26020201-"Менеҷменти молиявӣ" гузаронида шуд. Дар дарси кушод сармутахассиси шуъбаи назорати сифати таҳсилот Давлатов Ҷ., муовини директор оид ба тарбия Саидов Б.М., мудири кафедраи Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт Холмуродова С ва дигар омӯзгорони ҷавон иштирок варзиданд ва дар интиҳои дарс фикру андешаҳояшонро дар бораи ҷараёни дарс иброз доштанд.