КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

санаи 30.04.2021 бо ташаббуси кафедраи низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт лоиҳаҳои эҷодии донишҷӯён бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боиси зикр аст, ки дар муассиса шавқу рағбати донишҷӯён ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати эҷодкорӣ ва малакаю дониши онҳо ҳамасола зиёд мегардад. Дар ин робита, санаи 30.04.2021 бо ташаббуси кафедраи низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт лоиҳаҳои эҷодии донишҷӯён бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 аз тарафи донишҷӯёни бахши 3-юми ихтисоси 2-40010135 “Таъминоти барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилооти корӣ” - Тағоев Аҳмадҷон дар мавзӯи “Таҳияи барномаи мағозаи электронӣ дар СО Android” ва Худойназаров Умед дар мавзӯи “Таҳияи барнома барои сайёҳони хориҷӣ дар СО Android” пешкаши омӯзгорон ва донишҷӯён гардид. Дар ибтидоии чорабинӣ мудири кафедра Холмуродова С. ҷиҳати иқдомҳои кафедра дар ин самт ибрози назар намуданд. Ҳамзамон, омӯзгори кафедра Саъдуллозода Ю ва муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.п., Давлатов Р.Ҷ. оид ба хусусиятҳои хоси лоиҳаҳои пешниҳодгардида ҳамчун мутахассисони соҳа ибрози андеша намуда, даъват ба миён оварданд, ки пешниҳоди чунин лоиҳаҳо аз тарафи дигар донишҷӯёни ихтисосҳои коллеҷ зиёд карда шавад. Лоиҳаҳои эҷодии донишҷӯён бори дигар далолат аз он менамояд, ки донишҷӯёни муассиса ҳадафмандона дар муассиса таълим гирифта, омодаанд дониши андухтаи худро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифода намоянд.

Сана: 2021-05-01     Хонданд: 2145

ҲАМКОРИҲО