Санаи 27.04.2021 дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат тибқи нақша чорабиниҳои шуъбаи тарбия ҷиҳати иҷроиши Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзиши дар мавзӯи “Коррупсия – таҳдид ба амнияти иқтисодии давлат” бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар семинари мазкур намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгириҳои ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ, муҳтарам Абдулманонзода Абдулмумин бо иштироки фаъоли кормандони муассиса ширкат намуданд.
Ифтитоҳи семинари омӯзиширо директори муассиса, муҳтарам Ҳайдарзода Меҳроби Ислом оғоз намуда, муҳтарам Абдулманонзода Абдулмуминро ба ҳайати иштирокчиён шинос намуданд.
Дар рафти семинари омӯзишӣ Абдулманонзода Абдулмумин барои даъват ба ин даргоҳи илму маърифат аз роҳбари муассиса изҳори минатдорӣ намуда, оид ба мафҳум ва лоиҳаи тарҳрезигардидаи барномаи навини “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, аз тарафи омӯзгорони кафедраҳои марбутаи муассиса маърузаҳо ироа гардид. Ногуфта намонад, вобаста ба мавзӯи матраҳгашта видеороликҳо пахш гардид, ки дар худ амалиётҳои дури ҷустан аз ин падидаҳои номатлуб гувоҳӣ медод.