Санаи 23.04.2021 тибқи нақшаи чорабиниҳои муассиса дар коллеҷ мизи мудаввар оиди “Зулм дар оила” гузаронида шуд. Дар мизи мудаввар дар меҳмонӣ Раиси КИ Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат муҳтарам Руқия Раҳматзода, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумита Ашуров Баҳрулло ширкат намуданд. Дар сухани ифтитоҳи сарвари муассиса, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳайдарзода Меҳроби Ислом чорабиниро кушода эълон намуда, иштироккунандагонро ба ҳозирин муаррифӣ карданд. Сарвари муассиса оиларо яке аз сарчашмаҳои асосии ҷомеа номида, нигоҳ доштани оиларо новобаста аз ҳама вазъият яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як шаҳрванд номид.
Дар рафти чорабинӣ Руқия Раҳматзода ва омӯзгори муассиса Давлатова Гулҷаҳон оиди мавзӯи чорабинӣ баромад намуда, аз донишҷӯён ва иштирок даъват ба миён оварданд, ки ҳар шаҳрванд вазифадор аст, ки оиларо чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, ҳамеша бояд дар рушду нумуи кишвар саҳмгузор бошанд. Дар мизи мудаввар доир ба мавзӯъ баромадҳо ироа гардида, ҷиҳати ҷолибтар гардидани чорабинӣ аз тарафи донишҷӯён саҳначаҳои тарбиявӣ маърази тамошобинон гардонида шуд.