Дар робита ба иҷрои мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.03.2021, №14/5-518 ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассиса ҳамарӯза баҳри ободу зебо гардонидани атрофи бинои муассиса корҳо бо маром сурат гирифта истодааст. Қайд намудан ба маврид аст, ки берун аз ҷараёни дарс бо иштироки омӯзгорону кормандони коллеҷ ҳашарҳои дастаҷамъона гузаронида мешавад, ки ҳамаи ин пеш аз ҳама барои тозаю озода нигоҳ доштани саҳни муассиса равона мегардад. Аз он ҷумла чидани сафоли руи роҳ (брусчатка) дар даромадгоҳ ва гирду атрофи муассиса ҳусни коллеҷро боз ҳам зеботар гардонид.
Заҳмати роҳбари муассиса ва аҳли коллективи кормандон аз он далолат менамояд, ки ҳамагон ба як руҳияи баланд баҳри ободии таълимгоҳ кушиш намуда, кушиш ба харҷ медиҳанд дар тозаю озода нигоҳ доштани як гӯшаи диёри азизамон саҳми хешро гузоранд.