КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Бо ташаббуси кафедраи «Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо ва КАС» семинари илмӣ-назариявӣ зери унвони «Самтҳои афзалиятноки тараққиёти корхонаҳои саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар доираи амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар ва супориши роҳбари муассиса номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳайдарзода Меҳроби Ислом санаи 16.04.2021 бо ташаббуси кафедраи «Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо ва КАС» семинари илмӣ-назариявӣ зери унвони «Самтҳои афзалиятноки тараққиёти корхонаҳои саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Семинарро мудири кафедра Қурбонзода Фирӯзи Хушвахталӣ кушода эълон намуда, ҳозиринро бо барномаи семинар шинос намуданд. Дар ифтитоҳи семинар мубрамияти мавзӯи интихобгардидаро муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои педагогӣ Давлатов Раҳматулло Ҷурабекович баён намуданд. Тибқи барномаи семинар муовини директор оид ба тарбия Саидов Беҳрӯз Муминович дар мавзӯи «Таърихи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон», омӯзгорони кафедра Убайдуллоев Ҳасан Абдусатторович дар мавзӯи «Нақши саноат дар тараққиёти иқтисодиёт» ва Нигматов Хайрулло Убайдуллоевич дар мавзӯи «Вазъи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муосир» баромад намуда, мавзӯҳои баромадгардида мавриди музокира қарор гирифт. Намоиши филмҳои кӯтоҳи видеоӣ мазмуни семинарро боз ҳам ҷолибтару ҷаззобтар гардонид.

Сана: 2021-04-16     Хонданд: 2238

ҲАМКОРИҲО