Дар робита ба пешвози ҷашни 30-солагии “Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва солҳои 2020-2040 эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” бо ташаббуси Кафедраи низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар санаи 15.04.2021 семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Иштироккунандагон мудири кафедра Холмуродова Сураё бо барномаи семинар шинос намуда, сухани ифтитоҳи ба директори муассиса, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳайдарзода Меҳроби Ислом дода шуд. Сарвари муассиса мубрамияти семинарро бори дигар тавсиф намуда ба кори семинар барору комёбӣ таманно намуданд. Дар семинар тибқи нақша муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои педагогӣ Давлатов Раҳматулло Ҷурабекович дар мавзӯи “Муаммоҳои асосии татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникастионӣ дар муассисаҳои касбӣ”, омӯзгорони кафедраи низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт Саъдуллозода Юсуфҷони Икром дар мавзӯи “Нақш ва мавқеи истифодаи замимаҳои мобилӣ дар раванди таълим” ва Раҷабов Сабзалӣ Равзалиевич дар мавзӯи “Ҷанги иттилоотӣ ва таъсири он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ” баромад намуданд. Дар рафти музокира омӯзгорон ба баромадкунандагон саволҳои ҷолиб дода, ба онҳо посухҳои мушаххаса дода шуд.