КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Дар санаи 06.04.2021 дар муассиса семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Маводи мухаддир ва зарари он дар ҷомеа”, бахшида ба 30 солагии “Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар санаи 06.04.2021 тибқи нақша чорабинии қисми тарбия ва супориши роҳбари муассиса, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳайдарзода Меҳроби Ислом семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Маводи мухаддир ва зарари он дар ҷомеа”, бахшида ба 30 солагии “Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар семинар кормандони ШВКД дар шаҳри Ваҳдат, ваколатдори калони оперативии шуъбаи мубориза зидди гардиши маводи мухаддир Ризоев Саҳоб Негматович, сардори шуъбачаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонон Негматов Алишер ширкат намуданд. Семинарро муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои педагогӣ Давлатов Раҳматулло Ҷурабекович оғоз намуда, дар ифтитоҳи семинар меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд. Ҳамзамон, тибқи барномаи семинар корманди ШВКД дар шаҳри Ваҳдат Ризоев Саҳоб Негматович дар робита ба мавзӯъ баромад карда, вазъи имрӯзаи ҷомеаро ҷиҳати пешгирии маводи мухаддир бо пешниҳодҳои муфассал арзёбӣ гардониданд. Ҳамчунин, дар семинар мудири бахши тарбия Султонов Тоҷиддин Муҳиддинович дар мавзӯи “Маводи мухаддир – заҳри қотил” ва омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Қурбонов Сунатулло дар мавзӯи “Нашъамандӣ – вабои аср” баромад намуда, иштироккунандагонро бо мақолаҳои хеш оиди масъалаи мазкур шинос намуданд. Баромадкунандагон тавонистанд бо посух додан ба саволҳои иштироккунандагон фазои иттилоотиро оид ба мавзӯъ боз ҳам фарохтар намоянд. Пахши филмҳои мустанадӣ ва филмҳои кӯтоҳи тарбиявӣ дар рафти семинар оид ба омилҳои пешгирӣ ва зарари маводи мухаддир басо ҷолиб ва таъсирбахш буд. Дар фарҷоми семинар маъмурияти муассиса бори дигар меҳмононро ҷиҳати иштирокашон изҳори сипос намуда, аҳли нишаст тасмим ба миён оварданд, ки нисбат ба гардиши маводи мухаддир ва истифодаи он аз тарафи ҷомеа доимо мубориза хоҳанд бурд.

Сана: 2021-04-06     Хонданд: 2434

ҲАМКОРИҲО