КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Бо ташаббуси кафедраи «Омор ва ҳисобдорӣ» семинари илмӣ-назариявӣ зери унвони «Таҳқиқоти омории тағйирёбии сатҳи истеҳсолот ва муайяннамоии арзиши аслии маҳсулот» баргузор гардид

Дар санаи 02.04.2021 бо ташаббуси кафедраи «Омор ва ҳисобдорӣ» семинари илмӣ-назариявӣ зери унвони «Таҳқиқоти омории тағйирёбии сатҳи истеҳсолот ва муайяннамоии арзиши аслии маҳсулот» баргузор гардид. Семинарро мудири кафедра муҳтарам Иброҳимов Ҷамшед Абдуфатоҳович оғоз намуда, ҳозиринро бо барномаи семинар шинос намуданд. Тибқи барнома маърузаҳои омӯзгорони кафедра Қараев Аҳмадҷон Пардаевич дар мавзӯи “Мушоҳидаҳои оморӣ, зинаи аввали таҳқиқот”, Ятимов Аҳмадҷон Ҷунайдуллоевич дар мавзӯи “Таҳқиқи арзиши аслӣ ва хароҷотҳои истеҳсолӣ”, Мирзоев Саъдӣ Исломович дар мавзӯи “Муайяннамоии арзиши аслии маҳсулот” шунида шуда, ба саволҳои иштироккунандагон аз тарафи онҳо посухҳои мушаххас дода шуд. Дар фарҷоми семинар номзади илмҳои педагогӣ Давлатов Раҳматулло Ҷурабекович кори семинарро қаноатбахш арзёбӣ намуда, андешаҳои хешро ҷиҳати таҳким бахшидани семинару конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ дар муассиса ибрози назар намуд.

Сана: 2021-04-05     Хонданд: 2243

ҲАМКОРИҲО