КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Нақши молия, низоми андоз ва низоми бонкӣ дар рушди иқтисодиёти миллии Тоҷикистон”, бахшида ба пешвози 30-солагии “Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Нақши молия, низоми андоз ва низоми бонкӣ дар рушди иқтисодиёти миллии Тоҷикистон”, бахшида ба пешвози 30-солагии “Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Дар санаи 30.03.2021 бо ташаббуси кафедраи “Молия, андоз ва кори бонкӣ” семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Нақши молия, низоми андоз ва низоми бонкӣ дар рушди иқтисодиёти миллии Тоҷикистон”, бахшида ба пешвози 30-солагии “Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Ҳозиринро мудири кафедра муҳтарам Холов З.И. бо барномаи семинар шинос намуда, сухани ифтитоҳи ба муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои педагогӣ Давлатов Р.Ҷ. дода шуд. Давлатов Р.Ҷ. дар семинари навбатӣ дар сухани ифтитоҳи оид ба моҳияти семинари имрӯза сухан намуда, ба кори семинар муваффақиятҳоро таманно намуданд.

Дар семинар аз тарафи омӯзгорони кафедра Давлатов А.Ҷ. дар мавзӯи “Моҳияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва аҳамияти молия”, Сафаров Б.М. дар мавзӯи “Ташаккул ва барқароршавии низоми андози миллӣ” ва Қурбонова Ф. дар мавзӯи “Нақши бонкҳои тиҷоратӣ дар рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон” баромадҳо карда шуд. Иштироккунандагон ба музокира баромада, аз тарафи онҳо саволҳои пурмуҳтаво дода шуд ва аз тарафи баромадкунандагон ба саволҳои додашуда посухҳои дақиқ пешниҳод гардид.

Сана: 2021-03-30     Хонданд: 2567

ҲАМКОРИҲО