КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

«Ҷоми директор», бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол ва футболи хурд

Дар асоси Фармоиши директори муассиса, номзади илмҳои иқтисодӣ, муҳтарам Ҳайдарзода Меҳроби Ислом аз 21.01.2021, таҳти №И-4 байни кормандони коллеҷ доир ба дарёфти «Ҷоми директор», бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол ва футболи хурд гузаронида шуд.

Мақсади баргузории мусобиқаи варзишӣ ин пеш аз ҳама тарғиб ва ташвиқи варзиш, ҷалби кормандон ба варзиш, беҳдошти саломатӣ, пешбурди тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа ва интихоб намудани бозингарони беҳтарин ба дастаи мунтахаби муассиса ба ҳисоб меравад. Мусобиқаи варзишӣ берун аз ҷараёни дарс байни кафедраҳо роҳандозӣ гардид.

Бозии волейбол аз санаи 02.02.2021 оғоз гардида, дар санаи 16.03.2021 анҷом ёфт. Бозии футболи хурд бошад аз санаи 05.03.2021 оғоз гардида, санаи 17.03.2021 ба итмом расид.

Дастаҳои ғолибомада дар санаи 18.03.2021 дар ҷашни «Наврӯзи байналмилалӣ» аз тарафи тадорукот бо Ҷом, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Сана: 2021-03-30     Хонданд: 2339

ҲАМКОРИҲО