КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ ҲАЙДАРЗОДА МЕҲРОБИ ИСЛОМ БА ИФТИХОРИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОЛИ 2021

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ ҲАЙДАРЗОДА МЕҲРОБИ ИСЛОМ БА ИФТИХОРИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОЛИ 2021

Фархунда баҳори оламафрӯз расид,

Айёми нишоту бахти фирӯз расид.

Бар кишвари сулҳ – Тоҷикистони азиз,

Бо ҷоҳу ҷалол ҷашни Наврӯз расид.

Ҳамватанони азиз, боиси хушбахтӣ ва шукргузории ҳар яки мову шумо аст, ки боз ба дидори Баҳори оламафрӯз, Наврӯзи хуҷастапай расидем. Бо шарофати ба даст овардани истиқлолият Наврӯзи аҷам домани густурда пайдо карду ба як чорабинии бузурги байналмилалӣ табдил ёфт.

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани қарордоди Шӯрои 64 – уми Асамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид аз 26 феврали соли 2010 дар бораи дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷдид намудани Наврӯз бояд мояи ифтихори ҳар яки мо бошад. Наврӯз мероси гаронбаҳои аҷдодони мардуми Шарқ буда, чун рамзи эҳёи табиат, сарчашмаи хуррамӣ. покизагиву зебоии ҳазорсолаҳост, ки арзи ҳастӣ дораду акнун дар саросари олам тантана мекунад.

Ба диёри сарсабзу хуррам, нозанин ва биҳиштосои мо бузургтарин ва зеботарин ҷашни мардуми ориёнажод – Наврӯзи ҳуҷастапай бо қадамҳои сабзу насими ҷонбахш ва бо паёми тозаи рӯзи нав фаро мерасад. Таърих гувоҳ аст, ки Наврӯз ҷавҳари фарҳанги мардуми ориёиро ташкил намуда, гузаштагонамон онро ҳамчун оғози соли нав, ҷашни баҳор ва бедории табиат таъбир кардаанд. Бо омад-омади Наврӯз, ки айёми умеду орзуҳои наҷиб мебошад, табиат баъди фасли сармо аз нав зин да мешавад, деҳқон ба замин донаи умед мекорад. Хуршеди пурҳарорати наврӯзӣ ба хонадон ва қалби ҳар яки мо нуру зиё мебахшад ва дар калбҳои мо эҳсоси самимии накӯкорӣ ва созандагиро бедор мекунад.

Аҳамият ва мақому мартабаи хоса ва баланд доштани Наврӯзро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар рушду нумӯи он хизмати арзишманд намудааст, тавсиф намуда, қайд кардааст. ки «Наврӯз иди поку беолоиши мардумист, ки ба дастурхони ҳар хонадон файзу баракат меорад, аз зиндагии серу осуда мужда мерасонад ва ба кишоварзону деҳқонон кушоиши кор ато менамояд».

Имрӯз дар саросари кишварамон фазои ором ва амнияти воқеӣ ҳукмрон асту шароити мусоид барои фаъолияти бисёрҷабҳа, алалхусус, таҳсили озод барои ҷавонон фароҳам омадааст. Аз ин хотир, дар паҳлӯи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи татбиқи сиёсати хирадмандонаи ин марди воқеан халқпарвар, созандаву бунёдкор кӯшиш ба харҷ диҳем. Зиракии сиёсиро аз даст надода, барои дубора такрор нашудани ҳодисаву воқеоти барои халқу миллат нангин роҳ надиҳем.

Бигузор аз файзу баракати Наврӯзи оламафрӯз зиндагии фарди кишвар рангу таровати тоза гирад, дастархони ҳар хонадони мардум пур аз нозу неъмат гардад, ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистон ҷовидона ва сулҳу субот дар саросари олам пойдор бошад. Аз фурсати муносиб истифода бурда, хамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо ахли хонадонатонро ба муносибати фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, бароятон беҳтарин хушиҳои зиндагӣ, тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори неку осмони софу беғуборро таманно дорам

Нафаси тозаи Наврӯз, муборак бошад,

Фасли зебои дилафрӯз, муборак бошад!

Сана: 2021-03-20     Хонданд: 2461

ҲАМКОРИҲО