Ҷашни «Наврӯзи байналмилалӣ» Имрӯз, 18.03.2021 дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҷашни «Наврӯзи байналмилалӣ» бо як шукуҳу шаҳомати идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Ваҳдат, муҳтарам Хоҷазода Фарзона, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат муҳтарам Руқия Раҳматзода, сармуҳарири газетаи «Шаҳриёр» муҳтарам Ҳикмат Розиқ ширкат намуданд.
Ҳозиринро сараввал сарвари муассиса номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳайдарзода Меҳроби Ислом ва баъдан муовини раиси шаҳри Ваҳдат, муҳтарам Хоҷазода Фарзона табрику таҳният намуданд. Дар баромадҳо бори дигар саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми хоса ва ҷаҳонӣ касб намудани “Наврӯзи байналмилӣ” ибрози назар гардид.
Чорабинӣ дар асосӣ намоиши расму русуми оини аҷдодӣ баргузор карда шуда, дар он намоиши «Ҳафт син», «Ҳафт шин», газетаҳои деворӣ, намоишҳои варзишӣ, хондани шеърҳо ва сароидани таронаҳо дар васфи «Наврӯз», аз тарафи иштироккунандагон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Алалхусус, рақсидани гулдухтарон бо либосҳои миллӣ, пешкаш намудани хурокҳои миллӣ ҳусни чорабинии имрӯзаро боз ҳам ҷаззобтару ҷолибтар намуд. Ҳамзамон, дар чорабинӣ бахшида ба ин ҷашн дар муассиса мусобиқаҳои варзишӣ сурат гирифта буд, ки дар натиҷа ғолибони озмун бо ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин, аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони муассиса барои фаъолона саҳм гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас, беҳтар намудани шароит дар муассиса як қатор кормандон бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.