Ҳафтаи ҷорӣ дар санаҳои 15.03.2021 ва 16.03.2021 дар маҷлисгоҳи Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ду маҳфили илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба 110-солагии М. Турсунзода зери унвони “Мирзо Турсунзода – вассофи сулҳу дӯстӣ” ва бахшида ба ҷашни Наврӯзи Аҷам дар мавзӯи “Welcome Nowruz to Tajikistan” (Хуш омадӣ, Наврӯз) гузаронида шуд. Маҳфилҳоро омӯзгорони фанҳои забони тоҷикӣ ва англисии кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”-и коллеҷи мазкур гузарониданд. Дар маҳфилҳои мазкур муовинони директор, мудирони кафедра, омӯзгорон ва донишҷӯни коллеҷ ҳузур доштанд.
Дар маҳфили аввал, омӯзгори фанни забон ва адабиёти коллеҷ дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода – мунодии сулҳ” ва донишҷӯёни муассиса дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шоири халқии Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода маърӯзаҳо хонда, аз ашъори устод шеърҳо ва достонҳо қироат карданд. Инчунин дар маҳфил чанд китоби устод Мирзо Турсунзода ба намоиш гузошта шуд. Ҳамчунин донишҷӯён аз ашъори Мирзо Турсунзода сурудҳо хонданд ва рақсиданд. Мақсади маҳфил, ба донишҷӯён хотиррасон намудани нақши Мирзо Турсунзода дар поянда будани сулҳи кишвар буд. Дар маҳфили дуввум, омӯзгори фанни забони англисии кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” Раҷабзода З. дар мавзӯи “The history of Nowruz” (Таърихи Наврӯз) маърӯза қироат намуда, ба ҳозирин дар бораи пайдоиши ҷашн ва кишварҳое, ки ин идро ҷашн мегиранд, хонданд. Инчунин дар маҳфил донишҷӯён дар васфи Наврӯз шеърҳо ва сурудҳо хонданд. Сипас дар маҳфил барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён виктарина ташкил карда шуд ва дар ин виктарина донишҷӯён ва омӯзгорон фаъолона иштирок намуданд. Мақсад аз гузаронидани ин маҳфил гирифтани маълумот дар бораи ҷашни Наврӯз ва мустаҳкам намудани дониши забони англисӣ донишҷӯён буд.