КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Семинари илмӣ-назариявӣ зери унвони “Баъзе масоили омӯзиш ва нақши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Дар санаи 09.03.2021 ҷиҳати амалишавии фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2020, №2214 “Дар бораи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020”, №427 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040” бо ташаббуси кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ семинари илмӣ-назариявӣ зери унвони “Баъзе масоили омӯзиш ва нақши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Семинарро муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои педагогӣ Давлатов Раҳматулло Ҷурабекович кушода эълон намуда, ҳозиринро ба барномаи семинар шинос намуданд.

Дар семинар омӯзгорони кафедра Буриев Аслиддин дар мавзӯи “Истифодаи технологияи инноватсионӣ дар раванди таълими фанни физика”, Амонов Акбаралӣ дар мавзӯи “Химия дар ҳаёти мо”, Сафаров Мустафо дар мавзӯи “Муҳофизати табиат ва масъалаҳои экологӣ”, Тешаев Ҷамолиддин дар мавзӯи “Тадбиқи моделҳои физикӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ” ва Қадриддини Сафар дар мавзӯи “Муаммоҳои муносибати босалоҳият дар адабиёти илмӣ-методӣ” баромадҳо намуда, дар рафти семинар аз тарафи баромадкунандагон ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Сана: 2021-03-09     Хонданд: 2346

ҲАМКОРИҲО