Дар асоси нақша-чорабинии муассиса ва ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ санаи 03.03.2021 дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат семинари илмӣ-назариявӣ зери унвони «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатои ифротгароӣ» баргузор гардид. Моҳияти чорабинии мазкурро муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои педагогӣ Давлатов Раҳматулло Ҷурабекович ба иштироккунандагон баён намуда, ҳамзамон меҳмононро ба аҳли толор шинос намуданд. Дар семинари марбута муовини сардори ШВКД дар ш. Ваҳдат, подполковники милитсия, муҳтарам Зоирзода Хол Абдусалом, Сардори ШОПҲНҶ ШВКД дар ш. Ваҳдат, майори милитсия Неъматов Алишер ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалогия ва психологияи Академияи ВКД ҶТ, майори милитсия Аҳёзода Шоҳрух Табарукшо ширкат намуданд. Сухани ифтитоҳиро Директори муассиса, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳайдарзода Меҳроби Ислом ҳусни оғоз бахшиданд. Ҳамзамон, дар семинар муовини сардори ШВКД дар ш. Ваҳдат муҳтарам Зоирзода Хол Абдусалом оид ба мавзӯи семинар баромад намуда, доир ба паҳлуҳои асосии гаравидани ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав бо овардани далелҳо ва рақамҳои мушаххас дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат ибрози назар намуданд. Дар баромади навбати аз тарафи намояндаи Академияи ВКД ҶТ муҳтарам Аҳёзода Шоҳрух Табарукшо дар мавзӯи “Таҳдидҳои муосири экстремизми иттилоотӣ ва роҳҳои пешгирии он” баромад гардида, оид ба тарзҳои дурусти истифодаи сомонаҳои иҷтимоӣ ва дигар паҳлуҳои оқилона дарк намудани иттилоот аз тарафи ҷавонон ибрози андеша карда шуд. Инчунин, аз тарафи омӯзгорони кафедра Назаралиев Нуралишо дар мавзӯи “Рушди устувории ҷавонон дар муқовимат бо экстремизм”, Назриддинова Фазила дар мавзӯи “Пешгирии ҷавонон аз шомил шудани ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав – вазифаи ҳар як шаҳрванд”, Муминов Фирдавс дар мавзӯи “Таъсири омилҳои муҳоҷират ба муҳити фикрии ҷавонон” баромадҳо карда шуда, аз тарафи баромадкунандагон ба саволҳои иштироккунандагон посухҳои мушаххас дода шуд.