КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Таҷлили рӯзи артиши миллӣ дар муассиса

Дар санаи 22.02.2021 дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бахшида ба таҷлили 28-умин солгарди ҷашни «Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинӣ баргузор гардид. Рафти чорабинӣ дар асоси сенарияи тартибдодашудаи муассиса ҷараён гирифта, сухани ифтитоҳӣ бо баромади директори муассиса, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳайдарзода Меҳроби Ислом оғоз гардида, аз тарафи сарвари муассиса кулли мардуми кишварро бо ин ид табрику таҳният намуданд. Дар чорабинӣ шеърҳо, сурудҳо аз тарафи донишҷӯён қироат карда шуда, ҳамзамон бо намоиш додани саҳначаи ҳаҷвӣ ва қадамзанӣ донишҷӯён тавонист руҳияи тамомшобинонро шод гардонанд. Инчунин, дар чорабинии мазкур аз тарафи роҳбарияти муассиса бо назардошти фаъолияти пурсамар дар корҳои ҷамъиятӣ донишҷӯён ва омӯзгорон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Сана: 2021-02-22     Хонданд: 2127

ҲАМКОРИҲО