Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 ва Амри Раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир аз 28.01.2021, №7-А бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати сару либоси миллии тоҷикӣ, маросимҳои анъанавии муйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, намоиши гесӯи дарози тоҷикона бо савту навои тоҷикӣ ва ашъори баландпоя, суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ, бадеҳахонӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ дар санаи 19.02.2021 дар Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат даври якуми Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» бахшида ба «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ донишҷӯдухтарони Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат фаъолона ширкат намуда, дар натиҷа аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат муассиса бо Диплом сарфароз гардонида шуд.