Санаи 5-уми марти соли 2013 тибқи дархости Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ботантана таҷлил намудани ҷашни Рўзи модар бо ташаббуси кафедраи фалсафа ва таърихи соҳибкорӣ дар толори шўрои олимони донишкада мизи мудаввари сатҳи донишкадавӣ дар мавзўи "Модар -роҳнамои мо" бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро муовини ректор оид ба илм, д.и.и., Низомов Самариддин Фахриевич оғоз намуда, меҳмонон ва устодонро барои иштирокашон дар мизи мудаввар ҳайрамақдам гуфт. Дар рафти кори мизи мудаввар баромади намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шўъбаи умумӣ ва кадрӣ Эшонқулова С., доктори илмҳои таърих, профессор Ҳотамов Н.Б., и.в.мудири кафедраи фалсафа ва таърихи соҳибкорӣ, дотсент Ҳаитов Ф.Қ., н.и.п., дотсент Базарова С.Ш ва устоди калон Бобоалиева А.Н шунида шуд.
Дар мизи мудаввар вазъи имрузаи масъалаи занон, саҳми онҳо дар рушди ҷомеаи инсонӣ ва аз мавзўи ҳассоси ҷомеаи имрузаи Тоҷикистон будани он баррасӣ гардиданд. Дар раванди мизи мудаввар қайд карда шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурӣ як силсила асноди зарурӣ қабул карда шуданд ва онҳо амалӣ гардида истодаанд. Дар охир, сўҳбати озоди намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодони донишкада баргузор гардида,қайд карда шуд, ки имрўз беш аз пеш аён мегардад, ки пешрафти давлат ва нерумандии ҷомеа, пеш аз ҳама ба истифода ва риояи арзишҳои олии ахлоқиву маънавии зан - модар вобаста мебошад.
Сана: 2013-10-25
Хонданд: 1382