КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Бозии волейбол бо иштироки тими донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат

Дар санаи 18.02.2021 дар қисми ҳарбии №16772-и шаҳри Ваҳдат даври финалии бозии волейбол бо иштироки тими донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ва тими волейболи қисми ҳарбии №16772-и шаҳри Ваҳдат баргузор гардид. Дар натиҷа тими Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бар ҳисоби 3:0 бар тими қисми ҳарбӣ ғолиб омада, сазовори ҷои аввал гардида, аз тарафи тадорукоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сазовор гардонида шуд.

Ҳамзамон, донишҷӯёни муассиса аз вазъи қисми ҳарбӣ ва шароити афсарону аскарон дидан намуда, дар руҳияи ватанпаварӣ азм намуданд, ки пас аз хатми муассиса ба Ватан содиқона хизмат хоҳанд кард.

Сана: 2021-02-18     Хонданд: 2087

ҲАМКОРИҲО