КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Баррасии паёми Пешвои миллат дар муассиса

Имрӯз, бо ташаббуси Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ва бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки дар санаи 26.01.2021 ироа гардида буд баргузор гардид. Дар чорабинӣ, сараввал директори муассиса номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳайдарзода Меҳроби Ислом баромад намуда, дар баромади хеш оид ба паҳлуҳои Паём ибрози назар намуданд. Таъкид намуданд, ки ҳар шаҳрванди кишварро мебояд Паёми сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда, ба халқу миллат ҳамагӣ бояд содиқона хизмат намоем. Ҳамзамон, намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат муҳтарам Саидов Алишер оид ба Паём андешаронӣ намуда, таъкид ба миён оварданд, ки дар замони пурҳассос ҳар як шаҳрванди баору номус бояд зираки сиёсиро аз даст надиҳад. Дар баромади навбати раиси занони муассиса Холмуродова Сураё оид ба паҳлуҳои асосии мақому манзалати зан аз тарафи Пешвои миллат ва дарҷи он дар Паёми навбатӣ аз тарафи сарвари мамлакат ибрози назар намуданд. Ҳамчунин, омӯзгорону донишҷӯён доир ба паҳлуҳои гуногуни Паём андешаронӣ намуда, бо итминони комил иброз намуданд, ки тамоми иқдомҳои пайгиронаи сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда, ба халқу миллат содиқона хизмат хоҳанд кард.

Сана: 2021-02-08     Хонданд: 2480

ҲАМКОРИҲО