КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

ДОНИШҶӮИ КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ БО ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ САЗОВОР ГАРДИД

ДОНИШҶӮИ КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ БО ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ САЗОВОР ГАРДИД

24 октябри соли 2026 зимни ифтитоҳи Маркази ташхису табобатии «Лормед» дар шаҳри Ваҳдат, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, яке аз донишҷӯдухтари Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат» ба Туҳфаи Пешвои муаззами миллат сарфароз гардонида шуд.

Сазовор гардидани донишҷӯи муассиса ба ин туҳфаи арзишманд нишонаи таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон, бахусус насли ояндасози кишвар, маҳсуб меёбад. Ин иқдоми шоиста барои баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, тақвияти масъулиятшиносӣ ва ҳавасманд намудани ҷавонон ба донишандӯзӣ, фаъолияти созанда ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи мусоид фароҳам меорад.

Роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону кормандони Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ин дастоварди арзишмандро мояи ифтихор дониста, онро натиҷаи таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба тарбияи ҷавонони донишманду соҳибмаърифат ва ояндасози кишвар арзёбӣ менамоянд.

Сана: 2026-10-24     Хонданд: 540

ҲАМКОРИҲО