ОҒОЗИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат» ва дар асоси мактуби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои муҳими давлатӣ мусобиқаҳои варзишӣ байни донишҷӯёни муассиса оғоз шуданд.
Мақсад аз баргузории мусобиқаҳо тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш миёни ҷавонон, таҳкими дӯстиву рафоқат, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҷалби донишҷӯён ба машғулиятҳои варзишӣ мебошад.
Иштирокчиён имкон доранд, ки дар фазои дӯстона маҳорати варзишии худро нишон дода, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас талош намоянд.
Варзиш гарави саломатӣ, неруи ҷавонон ва омили муҳими ташаккули ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад. Умед аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар таҳкими тарбияи ҷисмонӣ, рӯҳияи солим ва эҳсоси ватандӯстии донишҷӯён саҳми арзанда мегузорад.















