ДАРСҲОИ НАМУНАВИИ ОМӮЗГОРОНИ ХОРИҶӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, густариши робитаҳои таълимӣ ва табодули таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат» аз ҷониби омӯзгорони хориҷӣ дарсҳои намунавӣ баргузор гардиданд.
Дарсҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим, шиносоии омӯзгорону донишҷӯён бо усулҳои муосири таълим, истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар раванди таълим ва тақвияти ҳамкориҳои байни муассисаҳои таълимӣ роҳандозӣ шуданд.
Зимни баргузории дарсҳои намунавӣ омӯзгорони хориҷӣ аз усулҳои фаъоли таълим, муаррифии мавзӯъҳои дарсӣ ва ҷалби донишҷӯён ба муҳокимаю мубодилаи афкор истифода намуда, барои баланд бардоштани шавқу рағбати онҳо ба омӯзиш заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Чунин иқдомҳо барои густариши ҳамкориҳои байналмилалии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, такмили донишҳои назариявию амалии донишҷӯён ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ дар раванди таълим аҳаммияти муҳим доранд.















