Бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №27, аз 29.01.2021 декани факултети молия, бонк ва ташкили истеҳсолот дар иқтисодиёти Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Давлатов Раҳматулло Ҷурабекович ба дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ сазовор дониста шуд. Ба ин муносибат маъмурияти Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Давлатов Раҳматулло Ҷурабековичро табрику таҳният намуда, дар корҳои илмии ояндааш муваффақиятҳои беназирро таманно дорад.