КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ЗАБОН-ҲАСТИИ МИЛЛАТ, ОМӮЗГОР-ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ"

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ЗАБОН-

ҲАСТИИ МИЛЛАТ, ОМӮЗГОР-ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ" Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон семинари илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Забон - ҳастии миллат, омӯзгор - чароғи маърифат» баргузор гардид.

Дар семинар меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба мақоми забони давлатӣ, ҳифзу гиромидошти забони тоҷикӣ, нақши омӯзгор дар тарбияи насли ҷавон ва рушди маърифати миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар рафти семинар омӯзгорон бо маърӯзаҳои илмӣ ва суханрониҳои пурмуҳтаво баромад намуда, оид ба аҳамияти забони давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва нақши омӯзгор дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маърифати донишҷӯён андешаҳои худро баён карданд.

Ҳамчунин, иштирокчиён бо қироати шеърҳо ва порчаҳои адабӣ ба забони тоҷикӣ, Ватан ва мақоми омӯзгор эҳтироми хешро ифода намуданд.

Дар фарҷоми семинар таъкид гардид, ки забон ҳастии миллат ва омӯзгор чароғи роҳи маърифату дониш аст. Аз ин рӯ, ҳифзу рушди забони давлатӣ ва эҳтиром ба мақоми омӯзгор вазифаи муҳимми ҳар як шаҳрванди соҳибмаърифат мебошад.

Сана: 2026-10-03     Хонданд: 512

ҲАМКОРИҲО