КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОР

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОР

02 октябри соли 2026 дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Саҳми Пешвои миллат дар рушди таҳсилоти касбӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор» баргузор гардид.

Семинарро муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Шарипов Файзиддин Шамсиддинович ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ пайваста дастгирӣ ёфта, ҷиҳати рушди муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани шароити таҳсилу таълим, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва фароҳам овардани имкониятҳои нави таълимӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.

Таъкид гардид, ки омӯзгор дар сиёсати маориф ва рушди ҷомеа ҷойгоҳи махсус дошта, нақши ӯ дар тарбияи насли наврас ниҳоят муҳим мебошад. Зеро маҳз омӯзгор ба хонандагону донишҷӯён дониш, маърифат, ахлоқи ҳамида, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандиро меомӯзонад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти касбии ӯ яке аз омилҳои муҳими рушди соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи семинар омӯзгорони муассиса Тоиров Ҳайдар ва Ҳақназарова Ширинмоҳ дар мавзӯи мавриди назар маърӯзаҳои илмӣ-назариявӣ пешниҳод намуда, оид ба нақши маориф дар рушди ҷомеа, ҷойгоҳи омӯзгор дар сиёсати давлатӣ ва тадбирҳои андешидашуда барои таҳкими мақоми омӯзгор андешаронӣ намуданд.

Зимни маърӯзаҳо таъкид гардид, ки пешрафти соҳаи маориф ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба фаъолияти содиқона, масъулиятшиносона ва касбии омӯзгорон пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ месазад, ки Рӯзи омӯзгоронро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил намуд.

Сана: 2026-10-02     Хонданд: 512

ҲАМКОРИҲО