ОҒОЗИ КУРСИ «МАҲОРАТИ ПЕДАГОГӢ» ДАР КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Рӯзи дуюм аст, ки дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбият, такмили малакаҳои педагогӣ ва рушди маҳорати касбии омӯзгорон курси омӯзишии «Маҳорати педагогӣ» идома дорад.
Курси мазкур аз ҷониби мутахассисони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ташкил гардида, дар он омӯзгорони Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат иштирок менамоянд.
Зимни ифтитоҳи курс таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати илму техника, рақамикунонии соҳаи маориф ва тағйирёбии талабот ба сифати таълим, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Омӯзгори муосир бояд на танҳо дониши амиқи соҳавӣ дошта бошад, балки аз усулҳои муосири таълим, технологияҳои педагогӣ ва воситаҳои рақамӣ самаранок истифода бурда тавонад.
Дар доираи машғулиятҳои курс масъалаҳои марбут ба такмили маҳорати педагогӣ, усулҳои муосири таълиму тарбия, психологияи муносибатҳои омӯзгору донишҷӯ, банақшагирӣ ва ташкили самараноки раванди таълим, арзёбии дониш, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рақамӣ дар таълим мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Мутахассисони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар рафти машғулиятҳо бо омӯзгорон мубодилаи таҷриба намуда, ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати дарс, истифодаи усулҳои фаъоли таълим ва ташаккули салоҳиятҳои касбии омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Роҳбарияти Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҳамкориро бо муассисаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаҳои мухталиф яке аз самтҳои муҳими рушди захираҳои инсонӣ арзёбӣ намуда, минбаъд низ барои фароҳам овардани имкониятҳои зарурӣ ҷиҳати такмили дониш ва маҳорати касбии омӯзгорон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.















