35-СОЛ ДАР ФАЗОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Баргузории аксияи тарғиботӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
08 сентябри соли 2026 аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат аксияи тарғиботӣ таҳти унвони «35-сол дар фазои соҳибистиқлолӣ» ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатдорӣ ва тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ баргузор гардид.
Иштирокчиёни аксия бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Ваҳдат баромад намуда, ба сокинон ва ҷавонон маводи таблиғотӣ тақдим карданд.
Дар доираи аксия аҳаммияти таърихии Истиқлоли давлатӣ ҳамчун бузургтарин дастоварди миллати тоҷик, нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ, сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувори кишвар мавриди тарғиб қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва илмиву маънавӣ ноил гардида, имрӯз роҳи рушди устувор ва бунёдкориро бо қадамҳои устувор идома медиҳад.
Омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат зимни суҳбату мулоқотҳо бо шаҳрвандон ҷавононро ба ҳифзи дастовардҳои муқаддаси Истиқлол, эҳтироми арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, дӯст доштани Ватан ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз даъват намуданд.
Аксияи мазкур дар фазои идона ва рӯҳияи баланди миллӣ баргузор гардида, аз ҷониби сокинони шаҳри Ваҳдат самимона истиқбол гардид.
Иштирокчиён бо шиору овезаҳои ватандӯстона бори дигар садоқати худро ба арзишҳои миллӣ ва ормонҳои созандаи давлату миллат иброз доштанд.















