ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ АҲЛИ ЗАҲМАТИ КОЛЛЕҶ ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ҶАШНИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ 05 сентябри соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №152-и шаҳри Ваҳдат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ҷашнӣ бо иштироки раиси шаҳр, меҳмонон ва сокинони сарбаланди шаҳри Ваҳдат баргузор гардид. Дар чорабинӣ омӯзгорону кормандони Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат фаъолона иштирок намуда, дастовардҳои муассисаро дар самти таълиму тарбия, омодасозии мутахассисони соҳибкасб ва татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ба маърази тамошо гузоштанд. Иштирокчиён аз намоиши дастовардҳои коллеҷ, корҳои эҷодии омӯзгорону донишҷӯён ва дигар маводи муаррифигар шинос шуда, нақши муассисаи таълимиро дар рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас муҳим арзёбӣ намуданд. Сипас, омӯзгорону кормандон дар толори барҳавои муассиса дар чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъол намуданд. Чорабинӣ дар фазои идона ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, ба таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ мусоидат намуд.















