ҚАДРШИНОСӢ!
Боиси ифтихору сарфарозист, ки директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат, муҳтарам Зоирзода Исломбек Сангмаҳмад, ба муносибати ҷашни муқаддасу фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳнати содиқона, фаъолияти пурсамар ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятии шаҳри Ваҳдат бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат сарфароз гардиданд.
Ифтихорномаи мазкур дар фазои тантанавӣ, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори барҳавои МТМУ рақами 152-и шаҳри Ваҳдат баргузор гардид, супорида шуд.
Ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Шумо Устоди муҳтарамро ба муносибати ин қадршиносии арзанда самимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо саломатии бардавом, саодати рӯзгор, неруи тоза ва дар фаъолияти минбаъдаи пурмасъулу созандаатон комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоянд.
Бигзор меҳнати содиқона ва фаъолияти пурсамари Шумо минбаъд низ баҳри амалисозии сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаи маориф ва ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат намояд.
Бо эҳтиром ва самимияти беандоза,
ҳайати омӯзгорону кормандони Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат











