КИТОБ - САРЧАШМАИ ҲАЁТ ВА ДОНИШ,. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи китоб семинари илмиву адабӣ баргузор гардид
04 сентябри соли 2026 дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати "Рӯзи китоб" бо мақсади баланд бардоштани маърифати китобхонӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, маънавӣ ва фарҳангии ҷавонон, инчунин арҷгузорӣ ба фарҳанги китобдориву китобхонӣ семинари илмиву адабӣ таҳти унвони «Китоб - сарчашмаи ҳаёт ва дониш» бо ибтикори китобхонаи илмӣ ва кафедраи забонҳои муассиса баргузор гардид.
Дар ҳамоиш омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ иштирок намуда, доир ба нақши китоб дар рушди маънавӣ, зеҳнӣ ва илмии инсон, аҳамияти мутолиаи осори классикону адибони муосир ва таъсири китобхонӣ ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва шахсияти ҷавонон андешаҳои судманд баён намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки китоб ҳамчун сарчашмаи дониш ва маърифат дар тамоми марҳилаҳои рушди инсон нақши калидӣ дошта, ӯро ба ҷаҳони илму маърифат, худшиносӣ ва камолоти маънавӣ раҳнамун месозад.
Дар қисмати адабии чорабинӣ донишҷӯён шеърҳо ва порчаҳо аз осори адибони тоҷикро қироат намуда, саҳначаҳои тарбиявӣ ва барномаи фарҳангии ҷолибро пешкаши иштирокчиён гардониданд.
Барномаи омоданамудаи донишҷӯён ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, муҳаббати онҳоро ба адабиёт, фарҳанг ва арзишҳои маънавии миллӣ бозгӯ намуд. Дар фарҷоми семинар таъкид гардид, ки китоб чароғи маърифат, калиди дониш ва роҳнамои инсон ба сӯи зиндагии шоиста буда, тарғибу ташвиқи фарҳанги китобхонӣ, махсусан дар байни ҷавонон, бояд ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти муассисаҳои таълимӣ пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.
Чунин чорабиниҳо дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба таҳкими маърифати фарҳангиву маънавии донишҷӯён, рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии онҳо ва ташаккули насли донишманду худшинос мусоидат менамоянд.















