КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

1 сентябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2026-2027 ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти муассиса, омӯзгорон, кормандон, донишҷӯён, падару модарон ва меҳмонон иштирок намуданд.

Ҷамъомад бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, иштирокдорон оғози соли нави таҳсилро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ истиқбол намуданд.

Дар қисми тантанавии чорабинӣ директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Зоирзода Исломбек Сангмаҳмад суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати оғози соли нави таҳсил самимона табрик гуфт. Таъкид гардид, ки соҳаи маориф дар сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеа мавқеи калидӣ дошта, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон тадбирҳои пайваста амалӣ карда мешаванд.

Зимни суханронӣ аз дастгирии пайвастаи соҳаи маориф аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид гардид, ки рушди илму маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва густариши омӯзиши технологияҳои рақамӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими муассисаҳои таълимии кишвар мебошанд.

Сана: 2026-09-01     Хонданд: 760

ҲАМКОРИҲО