КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

БАРРАСИИ ҚОИДАҲОИ ТАРТИБОТИ ДОХИЛӢ ВА НИЗОМНОМАИ ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

БАРРАСИИ ҚОИДАҲОИ ТАРТИБОТИ ДОХИЛӢ ВА НИЗОМНОМАИ ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

3 июни соли 2025 дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҷаласаи корӣ бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон ва кормандони муассиса баргузор гардид, ки дар рафти он масъалаҳои вобаста ба такмил ва татбиқи самараноки Қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва Низомномаи ҳавасмандгардонии кормандон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд. Зимни ҷаласа, муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Солиҳов Фазлиддин таъкид намуд, ки риояи интизоми меҳнатӣ, баланд бардоштани масъулияти касбӣ, таҳкими фарҳанги идоракунӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди фаъолияти меҳнатӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди муассисаи таълимӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ин замина, Қоидаҳои тартиботи дохилӣ ҳамчун санади муҳими танзимкунандаи фаъолияти кормандон ва донишҷӯён арзёбӣ гардида, масъалаҳои марбут ба ҳуқуқу уҳдадориҳо, риояи интизоми меҳнатӣ ва таълимӣ, инчунин талаботи ахлоқи касбӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, лоиҳаи Низомномаи ҳавасмандгардонии кормандон низ баррасӣ шуда, иштирокчиён вобаста ба роҳҳои такмили механизмҳои ҳавасмандсозӣ, қадрдонии фаъолияти самаранок, дастгирии ташаббусҳои созанда ва баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносии кормандон пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.

Иштирокчиён қайд намуданд, ки татбиқи самараноки санадҳои мазкур ба беҳтар гардидани сифати фаъолияти таълимӣ, таҳкими интизоми дохилӣ, баланд шудани самаранокии меҳнат ва рушди минбаъдаи иқтидори кадрии муассиса мусоидат хоҳад кард.

Дар фарҷоми ҷаласа пешниҳодҳо ва андешаҳои иштирокчиён ҷамъбаст гардида, барои такмили минбаъдаи ҳуҷҷатҳои мазкур ва мутобиқ намудани онҳо ба талаботи амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҷиҳати такмили низоми идоракунӣ, баланд бардоштани сатҳи масъулият ва ҳавасмандгардонии кормандон тадбирҳои заруриро пайваста амалӣ намуда, барои таъмини сифати баланди таҳсил ва фаъолияти муассир заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Сана: 2026-06-03     Хонданд: 676

ҲАМКОРИҲО