КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ ВА ТАЪЛИМӢ - АСОСИ РУШДИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ

ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ ВА ТАЪЛИМӢ - АСОСИ РУШДИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ

30 майи соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат маросими баимзорасонии шартномаҳои ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи сиёсати давлатӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои байни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат роҳандозӣ гардида, аз ҷониби роҳбарони муассисаҳо ба имзо расонида шуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши робитаҳои илмию таълимӣ, татбиқи барномаҳои муштараки омӯзишӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён, баргузории ҳамоишҳои илмӣ, семинару конференсияҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-амалиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир ва амалисозии ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии иқтисодиёт, тақвияти ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти касбӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омодасозии кадрҳои рақобатпазир аҳаммияти махсус дорад.

Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки шартномаҳои баимзорасида барои рушди муносибатҳои мутақобилан судманд, табодули таҷрибаи пешқадам, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии омӯзгорону донишҷӯён, инчунин татбиқи ташаббусҳои нав дар самти таҳсилоти касбӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.

Бояд зикр намуд, ки Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар доираи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмӣ-таълимии кишвар пайваста густариш дода, ҷиҳати омодасозии мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазир тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд.

Сана: 2026-06-01     Хонданд: 700

ҲАМКОРИҲО