КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

ХУШХАБАР:

ХУШХАБАР: ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МАЛАКАҲОИ КАСБӢ» БА МУВАФФАҚИЯТҲОИ НАЗАРРАС НОИЛ ГАРДИДАНД

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки 30 майи соли 2026 донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ», ки бо ибтикори Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, натиҷаҳои назаррас ба даст оварда, шарафи муассиса ва соҳаи таҳсилоти касбиро баланд бардоштанд.

Дар озмуни мазкур, ки бо мақсади дарёфт ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод, рушди малакаҳои амалӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии донишҷӯён ва тақвияти рақобатпазирии мутахассисони оянда баргузор шуд, донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат иштироки фаъолона намуда, маҳорати касбӣ ва донишу малакаҳои худро дар сатҳи баланд муаррифӣ карданд.

Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун як нафар донишҷӯи муассиса сазовори ҷойи дуюм гардида, ду нафари дигар бо нишон додани натиҷаҳои арзанда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.

Роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ғолибонро барои ноил гардидан ба чунин дастоварди арзишманд самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи илмомӯзӣ, такмили дониш ва фаъолияти минбаъдаи касбӣ муваффақиятҳои боз ҳам бештар орзу менамоянд.

Сана: 2026-06-01     Хонданд: 720

ҲАМКОРИҲО