КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ – ЗАМИНАИ АСОСИИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ – ЗАМИНАИ АСОСИИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

30 майи соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ – заминаи асосии рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ вобаста ба эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» баргузор гардид.

Дар кори конфронс олимону донишмандон, муҳаққиқон, омӯзгорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбии кишвар аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳими рушди иқтисоди рақамӣ, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ, татбиқи инноватсия дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир ибрози назар карданд.

Конфронсро директори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Зоирзода Исломбек Сангмаҳмад ифтитоҳ намуда, иштирокчиён ва меҳмононро ба муносибати баргузории конфронси мазкур самимона хайрамақдам гуфт.

Номбурда зимни суханронии худ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори кишвар, татбиқи технологияҳои навин, рақамикунонии иқтисодиёт ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди инноватсия шароити мусоид муҳайё гардидааст.

Зикр гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ташаккули иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт барномаҳо ва стратегияҳои муҳими давлатиро амалӣ месозад. Эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» бозгӯи таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии кишвар ба рушди технологияҳои рақамӣ ва иқтисодиёти донишбунёд мебошад.

Дар идомаи кори конфронс маърӯзаҳои илмии иштирокчиён шунида шуда, масъалаҳои марбут ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар ташаккули иқтисоди рақамӣ, имкониятҳои рушди ҳукумати электронӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои маориф, омор, соҳибкорӣ ва хизматрасонӣ, инчунин роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ дар самти инноватсия мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Иштирокчиён баргузории чунин ҳамоишҳои илмиро барои мубодилаи таҷриба, таҳкими робитаҳои илмӣ ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти таҳқиқотӣ муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки рушди иқтисоди рақамӣ яке аз омилҳои асосии таъмини пешрафти устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушд ба ҳисоб меравад.

Дар фарҷоми конфронс вобаста ба масъалаҳои баррасишуда пешниҳодҳои судманд манзур гардида, иштирокчиён баромадкунандагон бо Сипосномаи муассиса қадрдонӣ гардиданд.

Сана: 2026-06-01     Хонданд: 754

ҲАМКОРИҲО