БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ДОИРАИ “ҲАФТАИ ИЛМ” ДАР КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
14 апрел дар доираи таҷлили “Ҳафтаи илм” дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бо ташаббуси кафедраи низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт маҳфили илмии донишҷӯён бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли коллеҷ баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ маърӯзаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби ҳайати омӯзгорон ва иштирокдорон баҳогузорӣ ва тавсияҳои муфид ироа гардиданд. Таъкид шуд, ки истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ дар шароити иқтисоди муосир аҳамияти калидӣ дошта, омодасозии мутахассисони баландихтисос дар ин самт аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми маҳфил беҳтарин иштирокчиён бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардида, ба онҳо барои идомаи фаъолияти илмӣ ва рушди минбаъдаи донишашон комёбиҳо орзу карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар доираи “Ҳафтаи илм” заминаи мусоидро барои рушди иқтидори зеҳнии донишҷӯён ва тақвияти робитаи илм бо амалия фароҳам меорад.















